< Ҷумъаи хунин: Таркиши маргбор дар як масҷиди Афғонистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷумъаи хунин: Таркиши маргбор дар як масҷиди Афғонистон

Ҷумъаи хунин: Таркиши маргбор дар як масҷиди Афғонистон
Инфиҷор дар наздикии масҷиди вилояти Афғонистон, кушта ва захмӣ шудааст

Бар асари таркиш дар назди масҷиде дар вилояти Бодғиси Афғонистон дасти кам 8 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории Aamaj News бо такя ба шоҳидони айнӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои манбаъ, таркиши маргбор дар шаҳри Қалъаи-Нав воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон рух додааст.

Дастгоҳи тарканда дар баромадгоҳи масҷид ба кор даромадааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш замоне сар зад, ки намозгузорон баъд аз намози ҷумъа масҷидро тарк мекарданд.

То кунун ҳеҷ як гурӯҳи террористӣ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳои Афғонистон дар маҷмӯъ беш аз 250 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий