< "Қирғизистон техникаи ҳарбии зиёд харид": Тошиев гуфт, ҳамааш барои Бодканд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Қирғизистон техникаи ҳарбии зиёд харид": Тошиев гуфт, ҳамааш барои Бодканд

"Қирғизистон техникаи ҳарбии зиёд харид": Тошиев гуфт, ҳамааш барои Бодканд
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, тамоми техникаи ҳарбии нав харидоришударо ба вилояти Бодканд интиқол медиҳанд

Тавоноии дифоии Қирғизистон дар сурати мухолифатҳои мусаллаҳона таҳким дода шуда, техникаҳои нави ҳарбӣ ворид мегарданд, изҳор дошт Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ дар суҳбат бо сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд.

Ба навиштаи Sputnik Қирғизистон, Тошиев таъкид намуд, ки набояд фикрҳое бошанд, ки мо осон онҳоро шикаст медиҳем.

"Чунин фикрҳо набояд бошанд, чун ҳеч чизи хубе намеоранд. Аммо дар зимн мо имкон пайдо кардаем, ки беҳтар аз худ дифоъ кунем. Қаблан чунин набуд", - гуфт раиси КДАМ Қирғизистон.

Ӯ афзудаст, ки моҳи феврал техникаи муосири ҳарбӣ ба мақомоти марзбонӣ дар Бодканд таъмин хоҳанд шуд ва аллакай пули онҳо пардохт гардидаст.

"Шумо хоҳед дид, ки чунин техникаро мо ҳеч гоҳ надоштаем. Ҳамаро ба Бодканд медиҳем. Ин бо пули давлат харида шудааст. Соли 2021 даромади буҷа аз нақша барзиёд иҷро шуд", - таъкид кард Тошиев.

Дар баробари ин Тошиев дар мулоқот бо сокинони вилояти Бодканд таъкид намудаст, ки масоили марзӣ бо Тоҷикистон аз тариқи гузашту муросо ҳал мешаванд.

Вай дар идома изҳор доштаст, ки дар марҳилаи аввал масоили марбути Кулунду, Мақсад, Арка, Интернасионал ва Борбордуқ ҳал мешаванду сипас ба ҳалли масоили марзии Қоқ-Терек, Отрто, Боз, Таш, Тумшуқ ва Самонян мепардозанд.

Дар мавриди марзкушоӣ бо Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли гузашта то ҳол баста мебошад, Тошиев иттилоъ додаст, ки сарҳад баъди анҷоми аломатгузорӣ кушода мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Номуайянии қисматҳои дигари марзӣ мунтазам боиси таниши ҷонибҳо мегардад, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона ва хунрезиҳо мепечад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий