< Дар Қазоқистон 1822 парвандаи ҷиноӣ оид ба терроризм, куштор ва дигар далелҳо боз шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Қазоқистон 1822 парвандаи ҷиноӣ оид ба терроризм, куштор ва дигар далелҳо боз шудааст

Дар Қазоқистон 1822 парвандаи ҷиноӣ оид ба терроризм, куштор ва дигар далелҳо боз шудааст
Дар Қазоқистон дар робита ба рӯйдодҳои моҳи январ 1822 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 116 адади он ба прокуратураҳо оид ба парвандаҳои махсус ирсол шудаанд. 

Парвандаҳои ҷиноӣ оид  ба терроризм, куштор, зӯроварӣ нисбат ба мансабдорони давлатӣ, авбошӣ ва ҳамла ба биноҳои давлатӣ боз шудаанд.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо намояндагони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ҷаласаи муштарак баргузор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти  матбуоти президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Токаев рӯзи шанбеи 22 январ бо раҳбарони дастгоҳи президент, шӯрои амният, прокуратураи генералӣ, кумитаи амнияти миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа мулоқот анҷом дод. Ба сарвари давлат доир ба ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан додашуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар кишвар маълумот пешниҳод гардид.

«Вазири корҳои дохилӣ Ерлан Тургумбоев ба президент дар бораи ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии «Қонун ва тартибот» дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳисобот дод. Мусодираи аслиҳае, ки ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад, давом дорад. Ба иттилои ин ниҳод, аз рӯи далелҳои терроризм, куштор, зӯроварӣ нисбат ба мансабдорони давлатӣ, авбошӣ, ҳамла ба биноҳои давлатӣ ва дигар ҷиноятҳо дар маҷмӯъ 1822 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, 116 парвандаи ҷиноятӣ ба прокуратураҳо оид ба парвандаҳои махсус ирсол карда шудаанд», — гуфта мешавад дар изҳороти хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали соли равон, 2 январ дар яке аз кишварҳои узви СААД- Қазоқистон эътирозҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки баъдан ба бетартибӣ ва ҳамла ба ниҳодҳои давлатӣ табдил шуданд. Мақомоти интизомӣ дар Қазоқистон баъди бетартибиҳо қариб 8 ҳазор нафарро боздошт карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий