< Арнолд Швартснеггер ба садама дучор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Арнолд Швартснеггер ба садама дучор шуд

Арнолд Швартснеггер ба садама дучор шуд
Ҳатто чунин шахси барҷастаи фарҳанги амрикоӣ метавонад ба вазъияти ногувор дучор шавад

 Сиёсатмадор, актёр ва варзишгари собиқи амрикоӣ Арнолд Швартснеггер ба садама дучор шуд.

"Арнолд бо мошини сабукрави Yukon бо як худрави сурхи Prius бархӯрд... Худрави ҳунарманд чаппа шуда, дар болои Prius қарор гирифт", -навиштааст нашрияи TMZ.

Дар натиҷаи садама ситораи Ҳолливуд осеб надидааст, вале ёрии таъҷилӣ занеро, ки ронандаи мошини дигарӣ будааст, ба бемористони наздиктарин бурдааст.

Гуфта мешавад, ки вай аз сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

Расонаҳо навиштанд, ки ҳунарпеша аз вазъи ронандаи Prius нигарон аст ва гуфтааст, ки мехоҳад ӯро бубинад.


Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, бархӯрд ба ҳадде сахт буд, ки болиштҳои муҳофизатии дар мошини Швартснеггер насбшуда ба кор даромадаанд.

Гунаҳкори садама, тибқи маълумоти пешакии полис, собиқ губернатори Калифорния будааст: ӯ аз чароғаки сурхи светофор гузаштааст.

Ҳолати ҷисмонии Швартснеггер нишон намедод, ки ӯ зери таъсири машрубот ё маводи мухаддир қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий