< Путин мухолифи QR-кодҳо дар нақлиёт: Пеш аз соли нав ба мардум мушкилот эҷод накунем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин мухолифи QR-кодҳо дар нақлиёт: Пеш аз соли нав ба мардум мушкилот эҷод накунем

Путин мухолифи QR-кодҳо дар нақлиёт: Пеш аз соли нав ба мардум мушкилот эҷод накунем
Дар нақлиёти ҷамъиятӣ пеш аз соли нав роҳандозии QR-кодҳо зарурат надорад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, зимни ҷаласаи видеоии ҳукумат.

Ба гуфтаи Путин, роҳандозии чунин тағйироти куллӣ дар нақлиёт хеле мушкил аст ва метавонад душвориҳои дигар дар пай дошта бошад.

"Ҳозир арафаи соли нав аст, чунин маҳдудиятҳо то ҳадде мураккабанд. Барои мардум мушкилот меофарем", - изҳор дошт президент.

Қаблан роҳбари Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин гуфт, бо назардошти назари минтақаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон лоиҳаи QR-кодҳо дар нақлиёт аз баррасӣ бардошта шуд.

Вай зарурати омӯзиши ин масъала, аз ҷумла тавоноии низоми нақлиётро муҳим хонд, то ҳуқуқҳои мардум маҳдуд нашавад.

Маврид ба зикр аст, ки ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи истифодаи QR-кодҳо дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ пешниҳод шуда буд. Ин тарҳ бо худ доштани санадҳо ё QR-кодҳои тасдиқкунандаи ваксинагирӣ, ҷой доштани мухолифатҳои тиббӣ барои гирифтани ваксина ва ё паси сар кардани бемории коронавирусро дар назар дошт.

Вакилони Думаи давлатӣ мегӯянд, феълан ин тарҳ коркард шуда истодааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий