Маълум шуд, ки Путин ва Байден дар тамоси видеоӣ аз чӣ мегӯянд
Рӯзи 7 декабр президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоиаш Ҷо Байден тавассути тамоси видеоӣ сӯҳбат хоҳад кард. РИА Новости менависад, Кохи Сафед яке аз мавзӯъҳои гуфтугӯи дарпешистодаро эълон кард.
"Президент Ҷозеф Байден рӯзи сешанбеи 7 декабр бо президент Владимир Путин тамоси видеоӣ анҷом хоҳад дод", - гуфта мешавад дар изҳорот аз номи котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псакӣ.
Қаблан санаи тамосро сухангӯи Кремл Дмитрий Песков таъйид карда буд.
Ба гуфтаи Псакӣ, сарони кишварҳо як қатор мавзӯъҳои "муносибатҳои ИМА ва Русия, аз ҷумла суботи стратегӣ, масъалаҳои киберӣ ва минтақавиро" баррасӣ хоҳанд кард.
"Президент Байден нигаронии ИМА аз фаъолияти низомии Русия дар марз бо Украинаро таъкид хоҳад кард ва пуштибонии ИМА аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро тасдиқ мекунад", - гуфт сухангӯи Кохи сафед.
Ахиран дар расонаҳои ғарбӣ хабарҳо дар мавриди гӯё Русия барои таҷовуз ба Украина омодагӣ мегирад, пайдо шуданд. Дар Киев нахуст гуфтанд, ки дар наздикии марзҳои худ ҷамъ шудани нирӯҳои Русияро сабт накардаанд, вале баъдан онҳо низ дар бораи ҳамлаи дарпешистода гуфтанд.
Маскав борҳо ин иттиҳомотро рад карда ва таъкид кардааст, ки ин иттиҳомот асосан баҳона барои овардани нерӯ ва таҷҳизоти бештари НАТО ба марзҳои Русия истифода мешавад.
Сарчаршма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)