< СММ аз хатари марги 1 миллион кӯдаки афғон ҳушдор доду аз ҷаҳониён кумак хост » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СММ аз хатари марги 1 миллион кӯдаки афғон ҳушдор доду аз ҷаҳониён кумак хост

СММ аз хатари марги 1 миллион кӯдаки афғон ҳушдор доду аз ҷаҳониён кумак хост
Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 20 ноябр таҷлил мешавад гуфт, беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон дар хатари марг қарор доранд.

Ин созмон ҳамчунин меафзояд, ба беш аз се миллион кӯдаки дигар дар Афғонистон хатари камғизоӣ таҳдид мекунад.

Ба далели мушкилоти фаровоне, ки кӯдакон дар Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд, Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид заминаи сафҳаи Твиттерашро аз кабуд ба сиёҳ иваз кард ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар Афғонистон таҷлил накард.

Сэм Морт, мудири Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аст, аммо Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид онро таҷлил накардааст".

Чордаҳ миллион кӯдак дар хатари гуруснагӣ ва беш аз 3 миллион кӯдаки дигар зери хатари норасоии ғизо қарор доранд. Агар мо амал накунем, зиёда аз як миллион кӯдак аз гуруснагии шадид мемиранд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони ҷаҳон даъват кардааст, ки ба вазъи ногувори кӯдакони афғон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд ва дар ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон кумак кунанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий