< Лавров гуфт, мавқеи Маскав ва Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик ҳаст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Лавров гуфт, мавқеи Маскав ва Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик ҳаст

Лавров гуфт, мавқеи Маскав ва Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик ҳаст
Вазири умури хориҷии Русия аз наздик будани мавқеъҳо дар мавриди Афғонистон дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Маскав гуфтааст.

Ҳамсон будани мавзеъҳо дар мулоқоти Лавров бо ҳамтои ӯзбекистонияш, Абдулазиз Комилов низ таъкид гардидааст, хабар дод Sputnik Афғонистон.

Манбаъ аз қавли Комилов овардааст, ки иқдоми мусбати толибҳоро бояд дастгирӣ кард. Аз ҷумлаи чунин иқдом кушодани макотиби духтарон ва иҷозати кори занон дар идораи давлатӣ гуфта шудааст.

Инчунин таъкид шуд, ки эътирофи ҳукумати толибҳо аз ташкили ҳукумати ҳамашумул, таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳандозии сиёсати ҳамсоядории хуб ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру терроризм вобаста аст.

Дар баробари ин ҷониби Ӯзбекистон бар ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷиаи башарӣ дар Афғонистон бояд дороиҳои бонкии ин кишвар барқарор карда шаванд.

Инчунин пешниҳодҳо ба ҳамсояҳои Афғонистон барои қабули гурезаҳои афғон ба ивази кумаки молиявӣ қобили қабул нест ва набояд мушкилоти иловагӣ бори ҳамсояҳо шаванд, изҳор доштааст вазири Ӯзбекистон.

Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат тибқи шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий