< Оғози ваксинзании кӯдакон дар Қазоқистон: танҳо бо розигии волидайн » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оғози ваксинзании кӯдакон дар Қазоқистон: танҳо бо розигии волидайн

Оғози ваксинзании кӯдакон дар Қазоқистон: танҳо бо розигии волидайн
Муовини сарвазири тандурустии Қазоқистон Ералӣ Туғҷонов дастур дод, ки наврасонро зидди сирояти коронавирус бо Pfizer эмин кунанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ералӣ Туғҷонов дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 ба роҳбарияти тамоми вилоятҳо дастур дод, ки қоидаҳои муқарраршударо қатъиян риоя намоянд.

"Наврасонро танҳо бо розигии хаттии огоҳонаи волидайн ё намояндагони қонунии онҳо ваксина занед", - таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ба Қазоқистон нахустин қисми ваксинаи Pfizer барои эмкунии кӯдакони аз 12 то 18-сола, занони ҳомила ва ширдеҳ ворид шуда буд.

Пештар табиби маъруф ва муҷрии телевизиони Русия, доктори илмҳои тиб Елена Малишева дар бораи ваксинзании кӯдакон алайҳи коронавирус, гуфт, ки кӯдакони то 18-сола аз лиҳози омор омили паҳншавии ҳамагирии коронавирус нестанд.

Ба гуфти пизишк, "Pfizer" аллакай маълумотро дар бораи истифодаи ваксинаи коронавирус барои кӯдакон нашр кардааст ва дар Амрико кӯдакони аз 12-сола боло аллакай эмин шудаанд.

"Ҳоло таҳқиқи доруи "Pfizer" барои вксинзании кӯдакони аз 5-сола боло идома дорад. Аммо тибқи қоида, аввал бехатарӣ ва самаранокӣ собит мешавад ва баъдан масъалаи ваксиназнӣ баррасӣ мегардад", - шарҳ дод пизишк.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий