< Мақомдорони собиқ Афғонистонро тариқи Қазоқистон тарк мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомдорони собиқ Афғонистонро тариқи Қазоқистон тарк мекунанд

Мақомдорони собиқ Афғонистонро тариқи Қазоқистон тарк мекунанд
Қазоқистон барои парвози занони афғон як долони транзитии башардӯстона фароҳам кард, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

"Бо дарназардошти пойбандии Қазоқистон ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар соҳаи гуманитарӣ, сарвари давлат тасмим гирифт, ки барои занони афғон - додрасҳо ва вакилони порлумон ва аъзои оилаи онҳо долони транзитӣ таъмин карда шавад", - омадааст дар хабарнома.

Транзит дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ тавассути фурудгоҳи Алмаато барои парвози минбаъда ба кишварҳои сеюм ташкил карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи август намояндагони ҷунбиши тундрави "Толибон"*, дар Афғонистон қудратро ба даст оварданд.

Ҳоло дар Афғонистон занон наметавонанд дар ҳукумат ва дигар созмонҳо ягон вазифаро ишғол кунанд.

Духтарон низ аз ҳуқуқи илмомӯзӣ маҳрум шудаанд.

То ҳол ҳукумати "Толибон"* аз ҷониби ягон давлати дунё ба расмият пазируфта нашудааст. Яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои эътирофи ҳукумати нави Афғонистон гузошта шудааст, ин риояи ҳуқуқи занон ва ба вазифаҳои ҳукуматӣ таъин кардани онҳо мебошад.





Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий