Шикваи шаҳрвандони Афғонистон аз нархи гарони хӯрокворӣ
Коҳиши истеҳсолот дар дохили Афғонистон ва ҳамчунин хушксолии тобистон муҷиби гарон шудани нархи хӯрокворӣ гардид
Дар Афғонистон арзиши маводи ғизоӣ ба ҳадди рекордӣ гарон шудааст, ки ин ҳолат шаҳрвандони бумиро шадидан нигарон намудааст.
Манобеи Tolo News менависад, афзоиши нархҳо ба мушкилоти тавлидоти дохилӣ ва хушксолии тобистон марбут аст.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, аз таъмини хонаводаҳои худ нигарон ҳастанд ва дар остонаи зимистон нишонаҳои таназзули иқтисодиро мушоҳида мекунанд.
"Истеҳсоли дохилӣ нокифоя аст, нархҳо ниҳоят гаронанд", - афзудааст Абдул Маъруф, молики яке аз дӯконҳои афғон ба Tolo News.
Илова бар ин, чанде аз деҳқонон ҳам изҳор доштаанд, ки хушксолии ахир боиси коҳиши ҳосил дар муқоиса бо солҳои қабл шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вазорати кишоварзии Афғонистон таъкид мекунад, ки Афғонистон як кишвари воридкунанда аст ва бештари коло аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад.
"Гандуму биринҷ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон ворид мешавад. Мо ба ин коло ниёз дорем, зеро Афғонистон наметавонад худашро таъмин кунад", - изҳор доштааст Абдулраҳмон Рашид, сардори муваққати вазорати мазкур.
Вазъият дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* якбора бад шуд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Комментарии (0)