< Даргирии мусаллаҳона бо "Толибон"* дар Ҳирот » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даргирии мусаллаҳона бо "Толибон"* дар Ҳирот

Даргирии мусаллаҳона бо "Толибон"* дар Ҳирот
Дар Шаҳри Ҳирот "Толибон"* вориди задухӯрди мусаллаҳона шуданд. Воҳид Паймон, сардабири собиқи рӯзномаи “Ҳашт Собҳ” дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки дар минтақаи пулиси Химдузани Ҳирот миёни аъзои собиқи гурӯҳи Мулло Манон Ниёзӣ ва Толибон даргирӣ шурӯъ шудааст.

Паймон таъкид мекунад, ки бархе аз аъзои мулло Манон Ниёзӣ ахиран бо ДИИШ* муттаҳид шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Амаж ахиран аз як даргирии шадиди мусаллаҳона дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Ҳирот хабар дод.
"Толибон"* то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

*созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий