< ВКХ: масъалаи ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Ӯзбекистон "баррасӣ намешавад" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВКХ: масъалаи ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Ӯзбекистон "баррасӣ намешавад"

ВКХ: масъалаи ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Ӯзбекистон "баррасӣ намешавад"
Тошканд омода аст бо Иёлоти Муттаҳида танҳо дар доираи амалияи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад, масъалаи ҷойгир кардани пойгоҳи низомӣ дар кишвар дар назар нест ва муҳокима карда намешавад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов дар мулоқот бо рӯзноманигорони рус хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки қаблан нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ дар Конгресси Амрико хабар дода буд, ки Пентагон бо Ӯзбекистон имкони ҷойгиркунии нерӯҳои зиддитеррористии Амрикоро дар қаламрави ин кишвар баррасӣ хоҳад кард.

Аммо котиби матбуотии Вазорати дифои Ӯзбекистон Баҳром Зулфиқоров ба РИА Новости гуфт, ки дар бораи сафари қарибулвуқӯъи намояндагони Пентагон иттилоъе надоранд.

"Мо аз идомаи баррасии ин масъала бо вуҷуди изҳороти ҷиддии расмии ҷониби мо, изҳороти ҳукумат ҳайронем. Дар ин ҷо маълум нест, ки кадом ҳадафро пайгирӣ мекунанд, ҳарчанд метавон таваҷҷӯҳ кард ва дигар ин мавзӯъро тарғиб накард,” - гуфт Комилов.

Вай таъкид кард, ки масъалаи дар ҷумҳурӣ мустақар кардани нирӯҳои амрикоӣ барои мубориза бо терроризм "дар назар нест, баррасӣ намешавад ва бардошта ҳам намешавад."

"Дар мавриди ҳамкориҳо бо ҳар як тараф, новобаста аз он ки он Амрико хоҳад буд ё тарафи дигар, табиист, ки мо дар чаҳорчӯби таҷриба, ҳуқуқ, конвенсияҳо, созишномаҳои байналмилалие, ки қабул кардаем, омодаем ҳамкорӣ кунем, то терроризмро пешгирӣ кунем ва барои нобудии он якҷоя мубориза барем", - гуфт ӯ.

Ба гуфти Комилов, ҳатто агар мо масъалаҳои мубориза бо терроризмро бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда истодаем, пас сухан танҳо дар бораи саркӯби ин бадӣ дар доираи таҷрибаи байналмилалии сурат мегирад.

Сарчашма:sputnik-tj.com


Комментарии (0)

Оставить комментарий