< Сафорати Русия дар Кобул: Карзай ва Абдуллоҳ миёни даъватшудаҳои нишасти Маскав нестанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафорати Русия дар Кобул: Карзай ва Абдуллоҳ миёни даъватшудаҳои нишасти Маскав нестанд

Сафорати Русия дар Кобул: Карзай ва Абдуллоҳ миёни даъватшудаҳои нишасти Маскав нестанд
 Сафорати Русия дар Кобул шоми якшанбе хабарҳо дар бораи ширкати эҳтимолии президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва собиқ раиси Шӯрои олии оштии Афғонистон Абдулло Абдулло дар нишасти Маскав оид ба ҳалли мушкилоти Афғонистонро рад кард. Ба гузориши Sputnik Афғонистон,
"Маълумот дар бораи иштироки Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло дар нишасти Маскав дуруст нест. Ҳарду дар рӯйхати меҳмонон нестанд", - навиштааст сафорат дар сафҳаи Твиттерияш.

Ҳайати "Толибон"* - ро ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* Абдусалом Ҳанафӣ роҳбарӣ хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти Маскав дар мавзӯи Афғонистон 20 октябр дар назар аст.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.

Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.

"Ин як раванди тӯлоние аст ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.

Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст. "Толибон"* сафарашонро ба Маскав тасдиқ намудаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий