< Истиқболи "Толибон"* аз азми сафари гуруҳии вазирони хориҷии кишварҳои минтақа ба Кобул » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Истиқболи "Толибон"* аз азми сафари гуруҳии вазирони хориҷии кишварҳои минтақа ба Кобул

Истиқболи "Толибон"* аз азми сафари гуруҳии вазирони хориҷии кишварҳои минтақа ба Кобул
Созмони "Толибон"* аз нияти сафари гуруҳии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои минтақа ба Кобул истиқбол кардааст

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ноиби вазири фарҳангу иттилооти ҳукумати "Толибон"* азми сафари гуруҳи вазирони умури хориҷии кишварҳои минтақаро ба Афғонистон нияти нек хондааст.

Тавре TOLOnews аз қавли Муҷоҳид навиштааст, ин иқдом метавонад барои ҳалли бархе нофаҳмиҳо бо кишварҳои алҳидаи минтақа кумак намояд. Аз танишҳо ва давлатҳои мушаххас зикр нагардидааст.

Интизор меравад, ки дар ин мулоқот инчунин масъалаи ҳамоиши сарони кишварҳои исломӣ дар шаҳри Кобул баррасӣ гардад.

Ин дар ҳолест, ки Мавлюд Чавошоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ахиран изҳор дошт, ки ҳамроҳ бо бархе аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои минтақа ният дорад, аз Кобул боздид намояд.

Ба иттилои хабаргузории Anadolu, Чавошоғлу ин нуктаро зимни нишасти матбуотии муштарак бо вазири умури хориҷии Туркия дар Анқара Ретно Марсуди баён доштааст.

Ӯ афзудааст, ки ин сафар рӯзҳои наздик тарҳрезӣ хоҳад шуд.

То ҳол дар шаҳри Кобул бо "Толибон"* танҳо вазирони умури хориҷии Ӯзбекистон ва Қатар мулоқот кардаанд.

*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий