< Таркиши муҳиб дар масҷиди шиаҳои Қандаҳор ҳангоми намози ҷумъа » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таркиши муҳиб дар масҷиди шиаҳои Қандаҳор ҳангоми намози ҷумъа

Таркиши муҳиб дар масҷиди шиаҳои Қандаҳор ҳангоми намози ҷумъа
Дар яке аз масҷидҳои Қандаҳор замони адои намози ҷумъа таркиш рух дод

Дар ҷануби Афғонистон дар вилояти Қандаҳор таркиши бузург ба амал омад, гузориш медиҳад хабаргузории маҳаллии Ашвака.

Инфиҷор дар масҷиди шиаҳо воқеъ дар маҳаллаи Имом-Боргоҳ дар маркази маъмурии вилояти Қандаҳор рух додааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ҳамлаи террористиро як маргталаб анҷом додааст.

Расонаҳо аз кушта шудани шумораи зиёди мардум ва захмӣ шудани сокинони маҳаллӣ хабар медиҳад.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Ҳафтае пеш дар шимоли Афғонистон дар Кундуз ҳангоми намози ҷумъа масҷид тарконда шуд. Дар паи он инфиҷори мудҳиш 120 кас ҳалок ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.

Вазъ дар Афғонистон моҳи июн баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хурӯҷи контингенти низомии Амрико аз Афғонистон, "Толибон"* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.

Ҳамзамон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.

Пасон дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ кард. Дар робита ба ин Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.

* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст

Комментарии (0)

Оставить комментарий