"Толибон"* амволи сиёсатмадорони собиқро барои пардохти қарзи барқ мефурӯшанд
Дар пайи нигарониҳо дар бораи қатъи барқ дар Афғонистон, ширкати "Брешно" тасмим гирифт, ки дороиҳои мансабдорони собиқро, ки пули барқро пардохт накардаанд, фурӯшад.
Ин изҳоротро рӯзи чоршанбе Сафиуллоҳ Аҳмадзай, сардори шӯъбаи амалиёти Ширкати миллии барқи Афғонистон (Брешна) гуфтааст, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
Аҳмадзай гуфтааст, ки пас аз анҷоми раванд ва тасвиби ҳукумати муваққатӣ ("Толибон"*), ширкат ба фурӯши амволи қарзгирон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.
Ба гуфтаи раҳбари пешини "Брешно", иқдоми пешниҳодкардаи "Толибон*" метавонад танҳо дар муддати кӯтоҳ мушкилотро ҳал кунад.
"Миқдори пул дар беҳтарин ҳолат барои пардохти бахше аз қарзи барқ ҷамъоварӣ мешавад, аммо дар ниҳоят он мушкиле, ки ширкат бо он рӯбарӯ аст, ҳал намешавад", - мегӯяд, Амануллоҳ Ғолиб, раҳбари пешини "Брешно".
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)