< Нархи рекордии газ дар Аврупо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нархи рекордии газ дар Аврупо

Нархи рекордии газ дар Аврупо
Аз нархи рекордӣ дар бозори фючерсии Аврупо дар лаҳзаҳои аввали оғози савдо хабаргузории РИА Новости бо такя ба додаҳои ICE Futures хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ аз рӯи шохиси голандии TTF, нархи газ аз 992 доллар оғоз шуда, аллакай то соати 10:10 бо вақти Маскав ба нишондоди бесобиқа - 1030 доллар расид.

Рекорди қаблӣ 15 сентябр сабт шуда буд. Он замон нархи як ҳазор метри мукааби газ то ба 963,9 доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
Нархи газ дар Аврупо тайи ҳафтаҳои охир беш аз якуним баробар афзоиш ёфтааст. Рӯзи 1 сентябр газ бо нархи 614 доллар сари як ҳазор метри мукааб савдо мешуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҷаҳиш ба нигарониҳо аз камбуди эҳтимоли газ дар бозор рабт доранд, чун захира дар анборҳо кам гуфта мешавад.

Инчунин афзоиши талабот дар пайи барқароршавии иқтисод рух дода, омили боду ҳаво низ ҷой дорад, изҳор медоранд таҳлилгарон. Аз далоили дигар таъминоти маҳдуди газ аз ҷониби калонтарин таъминкунандаи Аврупо - "Газпром" арзёбӣ мегардад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий