Сухангӯи Толибон: Тавоноии нобуд кардани “ДИИШ”*-ро дорем
Дар замони ҳукумати пешин, гурӯҳи “ДИИШ”* дар вулусволии Шинвори вилояти Нангарҳор ҳузури фаъол дошт, аммо пас аз набардҳои сахт эълон шуд, ки ин манотиқ аз вуҷуди гурӯҳи ДИИШ поксозӣ шудаанд
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар кобинаи муваққатии “Толибон”* гуфтааст, ки “ДИИШ”* ба Афғонистон таҳдид намекунад ва онҳо қудрати пурра назорат кардани ин гурӯҳро доранд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба TOLOnews гуфт, ки ду гурӯҳ дар пайванд бо раводидҳои ахир дар шаҳри Ҷалолобод боздошт шудаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле баён шуд, ки гурӯҳи “ДИИШ”* масъулияти чанд ҳамла дар як моҳи охир дар Кобул ва Нангарҳорро бар дӯш гирифт.
Наворе, ки дар вебсайти Aamaq интишор шудааст, ки ба “ДИИШ”* марбут аст, нишон медиҳад, ки маҳз ҳамин “ДИИШ”* масъулияти ҳамлаҳои ахир дар Нангарҳорро бар дӯш гирифтааст. Аммо “Толибон”* ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистон намедонанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт: “ДИИШ* аз ин лиҳоиз хатар нест, ки фикри ДИИШ дар миёни мардум фикри манфур аст ва касе аз онҳо ҳимоят намекунанд. Дуввум, муборизаи мо бо “ДИИШ”* дар гузашта муассир буд ва мо техники хунсо кардани онҳоро дорем”.
Дар замони ҳукумати пешин гурӯҳи “ДИИШ”* дар ноҳияи Шинвари вилояти Нангарҳор фаъол буд, аммо пас аз задухӯрдҳои шадид эълон шуд, ки ин минтақаҳо аз “ДИИШ”* поксозӣ шудааст.
Аммо бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ бо такя ба ҳамлаҳои ахири “ДИИШ”* дар Нангарҳор ва Кобул бар ин боваранд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар ҳамчунон фаъол аст.
Иброҳим Баас, як фаъоли сиёсӣ ба TOLOnews гуфт: "Ман фикр мекунам, ки ҳадафи онҳо нишон додани он буд, ки онҳо дар Афғонистон ҳузури доранд ва мехоҳанд муборизаи худро бо ҳукумати кунунӣ идома диҳанд".
Қаблан, НАТО ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон аз эҳтимоли эҳёи “ал-Қоида” ва “ДИИШ” дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буданд, аммо ҳоло “Толибон”* мегӯянд, ки ба ягон гурӯҳи мусаллаҳ дар Афғонистон иҷоза намедиҳанд, ки ба фаъолиятҳои террористӣ машғул шаванд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
Комментарии (0)