Вокуниши Нур ба тағйири номи Донишгоҳи Раббонӣ: Як рӯз бармегардем ва ҳисобу китоб мекунем
Ато Муҳаммад Нур, раҳбари яке аз шохаҳои ҳизби Ҷамъияти исломӣ мегӯяд, рӯзе ба Афғонистон бармегардад ва бо "Толибон"* ҳисобу китоб хоҳад кард.
Нур навиштааст, шояд онҳо фикр мекарданд, ки ин амал метавонад номи бузурги раҳбари шаҳидро аз байн барад, аммо ин ғайриимкон аст ва ин хаёл асту ҷунун.
Ато Муҳаммад Нур, раҳбари маъруфи муҷоҳиддини Афғонистон, дар вокуниш ба бардоштани номи "устод Бурҳониддини Раббонӣ" аз тоблуи Донишгоҳи таълиму тарбияти Кобул аз сӯи "Толибон"* интиқод карда, ин кори онҳоро бегонапарастӣ, қавмситезӣ ва бадхоҳӣ номидааст.
"Дубора бармегардем ва намодҳои ҳуввияти хешро эҳё хоҳем кард", - навиштааст, Нур дар сафҳаи фейсбукияш.
Оқои Нур гуфтааст, ки "Толибон"* ин унсурҳои бегона дар солрӯзи шаҳодати Устод Бурҳониддин Раббонӣ исми мубораки ӯро аз тоблуи Донишгоҳи таълиму тарби ҳазф карданд.
"Бо ин равиши қавмӣ ва бегонаситезӣ, "Толибон"* бори дигар фосилаи байни қабилаҳоро густариш доданд ва имкони ҳамдигарпазириро аз мардум гирифтанд. Ҳоло дигар намодҳое, ки "Толибон"* аз онон ба унвони паштувони қавмишон ҳимоят мекунанд, дар зери хатари нобудшавӣ ва рӯҳияи танаффурро ин гуруҳ дар миёни мардум ба шиддат садама заданд", - навиштааст Нур.
Гуфта мешавад, 10 -умин солгарди қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешин аз сӯи Толибон, вазорати таҳсилоти олии ин гурӯҳ дирӯз амр дод, ки номи Донишгоҳи омӯзишии Раббонӣ тағйир дода шавад.
Вазири таҳсилоти олии "Толибон"* бо судури як фармон эълом кард, ки номи Донишгоҳи маорифи Раббонӣ тағир дода, дар шарҳи ин тасмимаш гуфтааст.ю ки номгузории Донишгоҳи таълим ва тарбияи Кобул сиёсӣ буда, ниҳодҳои таълимӣ бояд аз сиёсат дур бошад.
* - озмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Комментарии (0)