< Покистон мегӯяд, ҳукумати "Толибон"* - ро эътироф намекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Покистон мегӯяд, ҳукумати "Толибон"* - ро эътироф намекунад

Покистон мегӯяд, ҳукумати "Толибон"* - ро эътироф намекунад
Покистон мегӯяд, то ҳол ҳукумати "Толибон"* -ро эътироф намекунанд ва айни замон амалҳои онҳоро мушоҳида мекунанд

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мегӯяд, ин кишвар ҳамоно амалҳои "Толибон"* - ро мушоҳида мекунанд ва ба таври расмӣ ҳукумати онҳоро қабул накардаанд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли Қурайшӣ менависад, ки Покистон амалан шитоб намекунад ва "Толибон"* - ро ҳамчун мақомоти қонунии Афғонистон эътироф нанамудааст.

"Покистон онҳоро эътироф намекунад. Мо ҳоло чӣ гуна рушд кардани вазъиятро назорат мекунем. Онҳо ҳукумати муваққатиро эълон карданд, аммо дар ин марҳила ҳеҷ кас шитоб намекунад, ки онҳоро ба расмият шиносанд", - иҳзор доштааст ӯ ба хабаргузорӣ.

Ҳамзамон Қурайшӣ таъкид кард, ки дар ин марҳила афзалият масъалаи шинохти Толибон нест, балки пешгирии бӯҳрони башардӯстона аст.

Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* амалиёти густурдаеро барои ғаспи қудрат дар пайи эълони хуруҷи низомиёни Амрико оғоз кард ва дар миёнаҳои моҳи август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.

Панҷшер ягона минтақа дар Афғонистон боқӣ монд, ки ба "Толибон"* таслим нашудаанд ва феълан миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти роҳбари Аҳмад Масъуд алайҳи ҷангиёни ин созмон ба шиддат идома дорад.

* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

Комментарии (0)

Оставить комментарий