Террористи худкуш дар Карачаево-Черкесия худро тарконд - навор аз ҷои ҳодиса
Хадамоти антитеррористии Русия, аз макони худкушии террорист, дар Карачаево-Черкесия навор нашр кард
Террористи худкуш дар деҳаи Учкекени Карачаево-Черкесия худро тарконд, хабар медиҳад Хадамоти антитерористии Русия.
Дар навор ҳаводиси пас аз тарконидан нишон дода мешавад: ҳама ҷо оғӯштаи хун ва харобиҳо аст.
Террорист дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд ва се тан аз кормнадони ФСБ Русия захмӣ гардиданд.
Миёни мардуми осоишта талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Шахсияти террористи худкуш муайян карда мешавад.
Макони ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ иҳота карда шудааст.
Комментарии (0)