Дар Русия эмгузаронӣ алайҳи коронавирус ройгон сурат мегирад

Дар Русия озмоиши клиникии вакинаи алайҳи коронавирус анҷом ёфта, ҳоло марҳилаи ба қайд гирифтани он ҷараён дорад
Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Русия ройгон сурат мегирад, изҳор дошт вазири тандурустии ин кишвар Михаил Мурашко, хабар медиҳад РИА Новости
"Мо тасмим гирифтем, эмгузаронӣ пурра аз ҳисоби хароҷоти ҳукумат доир карда шавад. Зимнан, раванди эмгузаронӣ ба ҳамагон маълум аст - он нақшавӣ сурат хоҳад гирифт", - афзудааст Мурашко.
Қаблан, Мурашко хабар дода буд, ки сар аз моҳи октябр дар Русия эмгузаронӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад.
Гуфта мешавад, алъон озмоиши клиникии ваксина ба анҷом расида, марҳилаи ба қайд гирифтани он ҷараён дорад.
Комментарии (0)