< Қоидаҳои истисноии Facebook барои сиёсатмадорон аз байн меравад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қоидаҳои истисноии Facebook барои сиёсатмадорон аз байн меравад

Қоидаҳои истисноии Facebook барои сиёсатмадорон аз байн меравад
Аз ин рӯ қоидаҳои Facebook барои сиёсатмадорон ва омма яксон хоҳад буд, ва дар мавриди паёми ягон сиёсатмадор ҳолати истисноӣ пазируфта намешавад. Дар ин бора Марк Сукерберг, раиси ширкати Facebook рӯзи 26 июн эълом кард.

Ба гуфтаи Сукерберг, чанд ҳафтаи охир бархе аз қоидаҳои интишори паём дар Facebook ҷиддӣ баррасӣ шуданд. Қаблан кормандони Facebook паёми мунташиршудаеро, ки қоидаҳоро нақз мекард ва ҳамзамон “мавриди алоқа”-и ҷомеъа буд, ҳазф намекарданд. Вале, акнун ин таҷруба хеле коҳиш меёбад.

Сукерберг таъкид кард, паёмҳое, ки ба хушунат, ё худдорӣ аз овоздиҳӣ даъват мекунад, аз сафҳаи Facebook ҳазф хоҳад шуд, ҳатто он паёми сиёсатмадорон, ё ҳукумат бошад.

Сарчашма: http://ovozi.uz/13385/ 

Комментарии (0)

Оставить комментарий