Ноамни дар наздикии марзии Тоҷикистон: даргирии артиши Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон

Ҷангҷӯёни Толибон ба минтақаи Хоҷаи Ғор, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст ҳамла карда, 19 муборизи мардумиро куштанд
Ҷангҷӯёни Толибон дубора дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо неруҳои давлатии Афғонистон даргир шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои Хуросон” дар истинод ба шабакаи аввали телевизиони миллии Афғонистон.
Бино бар иттилои манбаъ, даргирии неруҳои давлати бо ҷаегҷӯёни Толибон ба наздикии минтақаи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон расидааст.
Муҳаммадҷаводи Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор хабар додаст, ки шаби гузашта дар минтақаи Хоҷаи Ғор дар марзи Тоҷикистон, 19 муборизи мардуми кушта шуданд.
Ҳиҷрӣ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир неруҳои давлат ба ин минтақа равона шуданд ва авзоъ таҳти контроли неруҳои амниятӣ аст.
Бояд қайд кард, ки Афғонистон ва Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак бо ҳам доранд.
Комментарии (0)