< “Ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда нест”. Шуъбаи маорифи Ёвон ба навори баҳсбарангез вокуниш кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда нест”. Шуъбаи маорифи Ёвон ба навори баҳсбарангез вокуниш кард

“Ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда нест”. Шуъбаи маорифи Ёвон ба навори баҳсбарангез вокуниш кард
​Манбаъ навиштааст, ки тибқи гуфтаи омӯзгор, ҳадафи ӯ пешгирӣ намудани беэътиноӣ ба раванди таълим ва водор намудани хонанда ба масъулияти бештар дар иҷрои талаботи таълимӣ, аз ҷумла, доштани дафтару лавозимоти зарурӣ будааст.

«Дар маҷмуъ, ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда ва ё расонидани зарар ба ӯ нест», — омадааст дар вокуниш.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки «интихоби усули таъсиррасонӣ дар чунин ҳолат қобили қабул набуда, аз ҷониби омӯзгор ғайрикасбӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилот ва камбудии хонанда, новобаста аз сабаби ба миён омадани он, бояд тавассути усулҳои педагогӣ, муоширати эҳтиромона ва ҳамкории созандаи омӯзгор бо падару модар ҳал карда шавад. Ба навор гирифтани хонанда ва равон намудани он ба падару модар, ҳатто бо нияти ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба масъулияти фарзанд, наметавонад ҳамчун усули дурусти педагогӣ арзёбӣ гардад ва хилофи меъёрҳои амалкунанда аст».

Афзуда мешавад, ки падару модар низ дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти бевосита доран, аз ҷумла онҳо лавозимоти таълимӣ ва дигар имкониятҳои заруриро фароҳам оварда, аз рафти таҳсил, ҳозиршавӣ ба дарсҳо, муносибат ва рафтори фарзанди худ мунтазам огоҳ бошанд.

«Масъалаи мазкур дар доираи ваколатҳои муқарраргардида мавриди корбарӣ қарор дошта, ба рафтор ва фаъолияти касбии омӯзгор аз нуқтаи назари талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои касбӣ баҳои дахлдор дода мешавад. Дар сурати муайян гардидани асосҳои зарурӣ ва мувофиқи натиҷаи баррасии масъала, нисбат ба омӯзгор чораҳои дахлдор андешида шуда, то маҳдуд ё дур намудани ӯ аз фаъолияти касбӣ тибқи тартиби муқарраргардида масъалагузорӣ карда мешавад», — зикр мегардад дар вокуниш.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий