< Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид

Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
​Иброз гардид, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд. Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» низ ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ ва ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои муосир равона шудааст.

Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор мегардад.

Дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 85 ҳазору 662 нафар иштирок намуда, 7 ҳазору 484 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм 7 ҳазору 484 нафар иштирок карда, 602 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.

Даври шаҳрии озмун бо иштироки довталабони беҳтарин аз муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардида, ҳайати ҳакамонро мутахассисони соҳибтаҷриба ва сатҳи баланди касбӣ ташкил медиҳанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий