Ҳавошиносон аз се рӯзи хокбориш ҳушдор доданд. Чӣ гуна худро аз гарду ғубор ҳифз кунем?
Аз нимаи дуюми рӯзи 11 то 13-уми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе олуда шудани ҳаво пешбинӣ мешавад.
Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносӣ иттилоъ дода, гуфтааст, ки сабаби ин гарду ғубор ва хокборише аст, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки миқдори зарраҳои гарду ғубор дар ҳаво, аз ҷумла, зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва ва 2,5мкр (Рм-2,5) афзоиш ёбад.
Қаблан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои ҳифз аз хокбориш чанд тавсия пешниҳод карда буд. Ин ниҳод гуфта буд, ки гарду ғубор метавонад бавуҷудоварандаи мушкилоти нафаскашӣ, чашм, бинӣ ва гӯш, ҳассосият ва бемориҳои музмин гардад:

Таъкид мешавад, ки ба кӯдакон ва солмандон таваҷҷуҳи махсус дода шавад.
Ба навиштаи ин ниҳод, он яке аз хатарҳоест, ки ба инсон ва олами ҳайвонот таҳдид мекунад. Яке аз далоили ин падидаро вазорат тағйирёбии иқлим ва аз байн рафтани чангалзорҳо номидааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар, радабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба ифлос будани ҳаво дар Тоҷикистонро қабул надоранд. Аз ҷумла, чанде пеш, пажуҳишгоҳи «IQAir», ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар як гузориши худ навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.
Вале Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон дар посух ба ин гуфт, ки «раддабандии «IQAir"-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест». Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, зарур аст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.
Сарчашма: asiaplus.news
Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносӣ иттилоъ дода, гуфтааст, ки сабаби ин гарду ғубор ва хокборише аст, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки миқдори зарраҳои гарду ғубор дар ҳаво, аз ҷумла, зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва ва 2,5мкр (Рм-2,5) афзоиш ёбад.
Қаблан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои ҳифз аз хокбориш чанд тавсия пешниҳод карда буд. Ин ниҳод гуфта буд, ки гарду ғубор метавонад бавуҷудоварандаи мушкилоти нафаскашӣ, чашм, бинӣ ва гӯш, ҳассосият ва бемориҳои музмин гардад:
- гарду ғубор метавонад хастагӣ, сурхшавии чашмҳо, хушкшавии гулӯ ва эҳсоси сӯзишро дар бинӣ ба вуҷуд оранд;
- боиси хастагӣ, дарди сар, хашмгинӣ ва парешонӣ шавад;
- шахсоне, ки бо бемориҳои шуш, чун «астма» ё «бронхити музмин» гирифторанд, метавонанд бо сурфа ва эҳсоси душворӣ дар нафаскашӣ дучор шаванд;
- дар шахсоне, ки ҳассосият (аллергия) доранд, эҳёи аломатҳо, чун хоридани пӯст, атсазанӣ ва варамҳо метавонад мушоҳида шавад;
- он метавонад боиси баланд шудани фишори хун ва бад шудани вазъи саломатии нафароне гардад, ки бемориҳои дилу раг, махсусан «гипертония» доранд.

Чӣ гуна худро ҳифз кунем?
Вазорати тандурустӣ барои ҳифзи саломатӣ ба шаҳрвандон чанд тавсия пешниҳод кардааст, ки муҳимтаринашонро инҷо меорем:- Агар имкон доред, дар хона бимонед;
- Дар ва тирезаҳои хонаатонро пӯшонед ва сӯрохиҳоро бо матоъи намнок маҳкам кунед;
- Дар сурати ба берун баромадан аз ниқоб ва ё рӯймоли тар истифода кунед. Он аз ғубор ва қисми моддаҳои зарарноки ҳаво муҳофизат мекунад;
- Аз айнаки офтобӣ ё ҳимоявӣ истифода кунед, зеро чашмҳо дар гарду ғубор осебпазиранд;
- Бештар об ва нӯшокиҳои табиӣ нӯшед, зеро гарду ғубор дар шароити гарм ба организм фишор меорад. Нӯшидани бештари об метавонад аз хушкшавии бадан ҷилавгирӣ кунад;
Таъкид мешавад, ки ба кӯдакон ва солмандон таваҷҷуҳи махсус дода шавад.
Тағйирёбии иқлим ё бетаваҷҷуҳии мақомот?
Ҳавои ғуборолуд ва хокборишҳо дар кишвар сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд. Вазорати тандурустии кишвар низ бори дигар афзоиши гарду ғуборро дар солҳои охир падидаи нигаронкунанда ва барои саломатии одамон ва экосистема хатарнок номидааст.Ба навиштаи ин ниҳод, он яке аз хатарҳоест, ки ба инсон ва олами ҳайвонот таҳдид мекунад. Яке аз далоили ин падидаро вазорат тағйирёбии иқлим ва аз байн рафтани чангалзорҳо номидааст.
Коршиносон низ сабаби инро тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин, бетаваҷҷуҳии мақомот ба унсурҳои пешгирикунандаи ҳавои ифлос, аз ҷумла буридани дарахтону сохтмони зиёди баландошёнаҳо медонанд.
Вале Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон дар посух ба ин гуфт, ки «раддабандии «IQAir"-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест». Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, зарур аст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)