Ба 165 кас унвону ҷоиза ва мукофоти давлатӣ тақдим шуд. Кӣ чӣ ҷоиза гирифт?
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми август ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба 165 корманди касбу кори гуногун, ки «ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд», мукофоти давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим кардааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи манобеи «Азия-Плюс», имрӯз 7 кас унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дарёфт кардаанд:

Ҳамчунин, 10 нафар аз қабили Мавлона Наҷмиддинзода, Зулфия Содиқова, Шарофат Усмонова, Марина Ярмолик бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, ба 10 кас Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2026 дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва рӯзноманигорӣ тақдим карда шуд.
Қаблан «Азия-Плюс» номи онҳоро расонаӣ карда буд:
Бахши адабиёт (наср): Насруддин Саидзода (Мирзонасриддин) — барои романи «Нони шарикӣ»;
Бахши адабиёт (шеър): Давлаталӣ Раҳмонзода (Давлати Раҳмониён) — барои маҷмуаи шеърҳои «Номаи офтоб»;
Бахши мусиқӣ ва ҳунар: Фурқат Саидзода — барои маҷмуаи сурудҳои «Сози ватандорӣ», Шералӣ Қосимзода — барои маҷмуаи сурудҳои «Меъмори Истиқлол», Исматулло Холиқов — барои силсиласурудҳои «Чашмаи меҳр»;

Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ: Ғафур Ҷӯраев — барои китоб-албоми «Живопись. Монументальная скульптура»;
Бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон: Абдусаттор Раҳмонзода — барои маҷмуаи «Хонаи мо — гулхона»;
Бахши журналистика: Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсо — барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии «Чароғафрӯзон»;
Бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар хориҷа: Абдусалом Мамадназаров — барои тарҷума ва муаррифии шоҳкориҳои устод Садриддин Айнӣ («Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик») дар Англия ва ИМА.
Дар идома, 1 нафар унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 12 нафар унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо нишон ё ордени «Шараф дараҷаи I», 18 нафар бо нишони «Шараф дараҷаи II», 81 нафар бо медали «Хидмати шоиста» ва 2 нафар бо медали «Шафқат» қадрдонӣ шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба 22 нафар медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супурда шудааст.
Сарчашма:asiaplus.news

- Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг;
- Елена Тиллоева, аввалин роҳбари бадеии Театри миллӣ;
- Сабзагул Қурбонова, ҳунарпеша;
- Дилбар Сулаймонӣ, ҳунарпеша;
- Манзура Ҳабибова, раққосаи балет;
- Баҳрулло Абдуллоев, сароянда;
- Соҳиба Давлатшоева, сароянда.

Ҳамчунин, 10 нафар аз қабили Мавлона Наҷмиддинзода, Зулфия Содиқова, Шарофат Усмонова, Марина Ярмолик бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, ба 10 кас Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2026 дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва рӯзноманигорӣ тақдим карда шуд.
Қаблан «Азия-Плюс» номи онҳоро расонаӣ карда буд:
Бахши адабиёт (наср): Насруддин Саидзода (Мирзонасриддин) — барои романи «Нони шарикӣ»;
Бахши адабиёт (шеър): Давлаталӣ Раҳмонзода (Давлати Раҳмониён) — барои маҷмуаи шеърҳои «Номаи офтоб»;
Бахши мусиқӣ ва ҳунар: Фурқат Саидзода — барои маҷмуаи сурудҳои «Сози ватандорӣ», Шералӣ Қосимзода — барои маҷмуаи сурудҳои «Меъмори Истиқлол», Исматулло Холиқов — барои силсиласурудҳои «Чашмаи меҳр»;

Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ: Ғафур Ҷӯраев — барои китоб-албоми «Живопись. Монументальная скульптура»;
Бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон: Абдусаттор Раҳмонзода — барои маҷмуаи «Хонаи мо — гулхона»;
Бахши журналистика: Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсо — барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии «Чароғафрӯзон»;
Бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар хориҷа: Абдусалом Мамадназаров — барои тарҷума ва муаррифии шоҳкориҳои устод Садриддин Айнӣ («Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик») дар Англия ва ИМА.
Дар идома, 1 нафар унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 12 нафар унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо нишон ё ордени «Шараф дараҷаи I», 18 нафар бо нишони «Шараф дараҷаи II», 81 нафар бо медали «Хидмати шоиста» ва 2 нафар бо медали «Шафқат» қадрдонӣ шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба 22 нафар медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супурда шудааст.
Сарчашма:asiaplus.news
Комментарии (0)