< ММД қариб 291 млрд сомонӣ дар як сол. Мақомот дурнамои рушди иқтисодиро то соли 2029 маълум карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ММД қариб 291 млрд сомонӣ дар як сол. Мақомот дурнамои рушди иқтисодиро то соли 2029 маълум карданд

ММД қариб 291 млрд сомонӣ дар як сол. Мақомот дурнамои рушди иқтисодиро то соли 2029 маълум карданд
Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2029 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ба қариб 291 млрд сомонӣ, истеҳсолоти саноатиро ба 164,8 млрд сомонӣ ва сармоягузории мустақими хориҷиро қариб ба 1 млрд доллар дар як сол расонад. Ҳамчунин, мақомот рушди солонаи иқтисодиро 8,8% ва таъсиси то 346 ҳазор ҷойи нави корӣ дар як солро пешбинӣ мекунанд.

Дар ин бора дар дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2027–2029, ки аз сӯи ҳукумат рӯзи 29-уми июли соли равон тасдиқ шуд, зикр шудааст. Ин ҳуҷҷат ҳангоми таҳияи буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда ҳамчун асос истифода мешавад.
                                                                   
 Соли 2027 ММД бояд тақрибан 225,5 млрд сомониро ташкил дода, рушди воқеии иқтисод 8,4% бошад. Соли 2028 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 254,6 млрд сомонӣ ва 8,6%, соли 2029 ба қариб 291 млрд сомонӣ ва 8,8% мерасанд.                                                              
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2025 ММД-и Тоҷикистон 176,9 млрд сомониро ташкил дод ва иқтисод низ 8,4% рушд кард. Яъне, то соли 2029 ҳаҷми ММД нисбат ба соли 2025 тақрибан 65% зиёд карда мешавад.

Тибқи дурнамо, ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 20,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2027 то 25,2 ҳазор сомонӣ дар соли 2029 афзоиш меёбад. Ҳамзамон, шумораи аҳолӣ аз тақрибан 11,1 млн то 11,6 млн нафар зиёд мешавад.
Саноат ва кишоварзӣМақомот барои соҳаи саноат, баландтарин суръати рушди иқтисодиро пешбинӣ кардаанд. Ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ соли 2027 дар сатҳи 104,9 млрд сомонӣ, соли 2028 — 131,6 млрд сомонӣ ва соли 2029 — 164,8 млрд сомонӣ пешбинӣ мешавад. Афзоиши солона  тақрибан 25%-ро ташкил диҳад.
Соли 2025 корхонаҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 66,7 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд ва рушди воқеии соҳа 22,1%-ро ташкил дод. Агар пешбинии соли 2029 иҷро шавад, арзиши маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд хоҳад шуд.
                                                                    Дар соҳаи кишоварзӣ мақомот ҷараёни нисбатан мӯътадилро интизоранд. Ҳаҷми истеҳсолот бояд аз 104,6 млрд сомонӣ дар соли 2027 то 125,4 млрд сомонӣ дар соли 2029 афзоиш ёбад. Суръати рушди солона тақрибан дар ҳудуди 8–8,6% қарор хоҳад дошт.                                                               Соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 84,7 млрд сомониро ташкил дода, рушди соҳа 9,5% буд. Ҳамин тавр, дар дурнамои солҳои оянда суръати рушди каме мӯътадилтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2025 пешбинӣ шудааст.


СармоягузорӣҲамчунин интизор меравад, ки ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад. Соли 2027 ҳаҷми он 38,9 млрд сомонӣ, соли 2028 — 44,5 млрд сомонӣ ва то соли 2029 — 51,4 млрд сомонӣ пешбинӣ мешавад. Натиҷаи соли 2025 нишон медиҳад, ки ба ин мақсад 28,7 млрд сомонӣ равона шудааст. Ҳамин тавр, мақомот интизоранд, ки то соли 2029 ин нишондиҳандаро аз рӯи ҳаҷми пулӣ тақрибан 80% зиёд кунанд.
                                                                    
Нақшаҳои алоҳида ба ҷалби сармояи хориҷӣ марбутанд. Ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла қарзҳо, кумакҳои бебозгашт (грант) ва сармоягузориҳои мустақим, соли 2027 — 8,6 млрд доллар ва соли 2029 — 10,8 млрд доллар пешбинӣ мешавад.                                                              
Ҳамзамон, сармоягузории мустақими хориҷӣ бояд аз 685 млн доллар то 995 млн доллар афзоиш ёбад: 1 млрд доллар дар як сол.



ЭнергетикаДар соҳаи энергетика низ афзоиши назаррас пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли нерӯи барқ бояд аз 30,5 млрд кВт/соат дар соли 2027 то 38,4 млрд кВт/соат дар соли 2029 афзоиш ёбад.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2025, ки дар Тоҷикистон тақрибан 24 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, назаррас аст. Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи пешбинишуда барои соли 2029 тақрибан 60% бештар аз сатҳи соли 2025 хоҳад буд.

Ҳамзамон, содироти неруи барқ дар соли 2027 дар сатҳи 6,9 млрд кВт/соат ва дар соли 2029 беш аз 8,5 млрд кВт/соат пешбинӣ мешавад.
Ҷойҳои корӣДар бахши иҷтимоӣ, мақомот интизоранд, ки шумораи аҳолии машғули кор аз 2,98 млн нафар дар соли 2027 то 3,15 млн нафар дар соли 2029 афзоиш ёбад.
Шумораи ҷойҳои нави кории таъсисёбанда бояд соли 2027 тақрибан 309 ҳазор, соли 2028 — 326 ҳазор ва соли 2029 — 346 ҳазор ададро ташкил диҳад. Соли 2025 дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 280 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
ТаваррумМақомот ният доранд, ки афзоиши нархҳоро тақрибан дар сатҳи 4% дар як сол нигоҳ доранд. Дар ҷадвали дурнамо индекси нархҳои истеъмолӣ нисбат ба соли қаблӣ, соли 2027 -ум 104%, соли 2028-ум  103,8% ва соли 2029 -ум 103,9% пешбинӣ шудааст.
Соли 2025 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,5%-ро ташкил дод, ки ба ҳадди поёнии доираии муқаррарнамудаи Бонки миллӣ баробар буд.
                                                                   
Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки ҳангоми таҳияи буҷетҳои давлатӣ барои солҳои минбаъда нишондиҳандаҳои тасдиқшударо ба назар гирад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар сурати тағйир ёфтани вазъи иқтисодӣ ё таъсири омилҳои беруна бояд ба дурнамо тағйирот пешниҳод кунад.    
                                                          
Ба дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки барои расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ва иҷрои барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ чораҳо андешанд. Ин маънои онро дорад, ки рақамҳои тасдиқшуда ҳоло дурнамо мебошанд ва дар сурати тағйироти ҷиддӣ дар шароити дохилӣ ё беруна метавонанд бозбинӣ шаванд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий