< Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд

Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
​Даври дуюми озмун аз 22 то 30 июн доир гардида, дар он 2677  довталаб иштирок намуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 86 нафар,  аз вилояти Хатлон 120 нафар, вилояти Суғд- 135 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100 нафар соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид. Аз  шаҳри Душанбе 138 нафар соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ гардид, ки 75 нафар аз 18 то 35-сола ва 57 нафар аз 12 то 17-сола мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий