< Дар ҳамин ҳол, истифодабарандагон барои обёрӣ аз “Барқи тоҷик” зиёда аз 400 млн сомонӣ ва Агентии беҳдошт ва обёрӣ - беш аз 300 млн сомонӣ қарздоранд. » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар ҳамин ҳол, истифодабарандагон барои обёрӣ аз “Барқи тоҷик” зиёда аз 400 млн сомонӣ ва Агентии беҳдошт ва обёрӣ - беш аз 300 млн сомонӣ қарздоранд.

Дар ҳамин ҳол, истифодабарандагон барои обёрӣ аз “Барқи тоҷик” зиёда аз 400 млн сомонӣ ва Агентии беҳдошт ва обёрӣ - беш аз 300 млн сомонӣ қарздоранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал дар шаҳру навоҳии кишвар корҳои азхудкунии 416 гектар заминҳои нав ва барқарор намудани 344 гектар заминҳои кишоварзии аз гардиш баровардашуда идома доранд.
Ғайр аз ин, дар зарфи шаш моҳ ҳолати обёрии 4440 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар карда шудааст. Бо ин мақсад 5,2 млн сомонӣ маблағ равона шудааст.
                
Дар Агентӣ зикр мекунанд, ки васеъ кардани майдони заминҳои обёришаванда ва барқарор намудани мавзеъҳои кишоварзӣ дар робита ба афзоиши теъдоди аҳолӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар зарур аст.

Акс аз asia+

Қарзҳо аз истифодаи об дар ҳоли афзоиш аст

Сарфи назар аз нақшаҳои рушди низоми обёрӣ, пардохти маблағи хидматрасониҳои таъминот бо об яке аз мушкилоти ҷиддии ин соҳа боқӣ мемонад.
                 Дар нимсолаи аввали соли 2026 раёсатҳои минтақавии Агентӣ бо 62 062 истифодабарандагони об барои хидматрасонӣ ба 502 866 гектар замин шартномаҳо имзо карданд. Ба онҳо ба маблағи 84,9 млн сомонӣ 1,77 млрд метри мукааб об дода шуда, лекин аз ин миқдор ҳамагӣ 33,4 млн сомонӣ ё худ 39% аз арзиши хидматрасониҳо пардохт шудааст.
Бар асари пасту нокофӣ будани ҳаҷми ҷамъоварии пардохтҳо, қарзи худи Агентӣ низ ба энергетикҳо дар ҳоли афзоиш аст. Қарзи корхонаву ташкилотҳои зертобеъ ба ШСХК «Барқи тоҷик» барои истифодаи барқ 313, 2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Давоми шаш моҳ дар пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 58,2 млн сомонӣ  391,4 млн кВт/соат нерӯи барқ истифода шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз ин миқдор танҳо 17,2 млн сомонӣ пардохт шудааст. Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки аксари кишоварзон ва дигар истифодабарандагони об хидматрасониҳои таъминот бо обро саривақт ва пурра пардохт намекунанд. Ҳамчунин яке аз сабабҳои афзоиши қарз ба «Барқи тоҷик» болоравии таърифаҳо ба нерӯи барқ низ номбар мешавад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий