< Чин хостори бозгашти ИМА ва Эрон ба мизи музокира шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чин хостори бозгашти ИМА ва Эрон ба мизи музокира шуд

Чин хостори бозгашти ИМА ва Эрон ба мизи музокира шуд
​Вазорати корҳои хориҷии Чин бори дигар мухолифати худро ба таҳримҳои якҷонибаи ИМА бар зидди Эрон эълом кард. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки Пекин сиёсати «фишори ҳадди аксар» ва истифодаи таҳримҳои иқтисодиро роҳи муассири ҳалли ихтилофҳо намедонад.

Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳо метавонанд ба афзоиши танишҳо ва ҳатто густариши хатари даргирӣ дар минтақа оварда расонанд.
Мақомоти Чин аз ҳамаи ҷонибҳо хостаанд, ки ба ҷойи афзоиши фишорҳои иқтисодӣ ба коҳиши танишҳо тамаркуз кунанд.

Пекин ҳамчунин, бар зарурати баргаштани ҳарчи зудтари Эрон ва Иёлоти Муттаҳида ба роҳи гуфтугӯ ва музокироти дипломатӣ таъкид кардааст.

Чин дар солҳои охир борҳо аз истифодаи таҳримҳои якҷонибаи ИМА бар зидди кишварҳои дигар интиқод намуда, ҷонибдори ҳалли ихтилофҳои байналмилалӣ ба воситаи музокирот шудааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий