< Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд

Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Дар вохӯрӣ намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои фармасевтика, сайёҳӣ, энергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва дигар самтҳо фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.


Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгияро баррасӣ карда, оид ба имконияти густариши робитаҳои соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.

Ба ҳайати Белгия имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ муаррифӣ гардид. Дар ин замина масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди саноат, воридоти техника ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаҳои мустақим байни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Фландрия, ташкили вохӯриҳои корӣ ва B2B, табодули таҷриба, баргузории сафарҳои омӯзишӣ ва иштироки муштарак дар намоишгоҳҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳои соҳавию байналмилалиро таъкид намуданд.


Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Подшоҳии Белгия солҳои охир рушд ёфта, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконоти мусоид мавҷуд мебошанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ байни соҳибкорони ду давлат вохӯриҳои судманди B2B баргузор гардида, ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий