< Се ҷоизаи филми “Моҳӣ дар шаст” аз кинофестивали байналмилалии “Дар ҳалқаи оила” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Се ҷоизаи филми “Моҳӣ дар шаст” аз кинофестивали байналмилалии “Дар ҳалқаи оила”

Се ҷоизаи филми “Моҳӣ дар шаст” аз кинофестивали байналмилалии “Дар ҳалқаи оила”
​Тавре ки маркази матбуоти Киностудияи «Довфилм» хабар медиҳад, ҷоизаи якум «Барои беҳтарин нақши мардона» барои иҷрои нақши Далер ба Абдулло Абдураҳимзода, ҷоизаи дуюм «Барои беҳтарин садо ва оҳанги марғуб» ва ҷоизаи сеюм дипломи хоса «Барои суруди саундтрек» тақдим гардид.

Гуфта мешавад, ки ҷоизаҳои филмро коргардони филми «Моҳӣ дар шаст» Муҳидддини Музаффар қабул кард.

Ёдовар мешавем, ки филми «Моҳӣ дар шаст» дар доираи барномаи намоишҳои асосии бахши озмунии кинофестивали 21-уми байналмилалии Ярослав дар қатори филмҳои Эрон, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Россия, Белорус, Италия, Тунис намоиш дода шуд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий