< Cадамаи пурқурбонӣ дар Фархор. ВКД гуфт, 6 кас ҷон бохт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Cадамаи пурқурбонӣ дар Фархор. ВКД гуфт, 6 кас ҷон бохт

Cадамаи пурқурбонӣ дар Фархор. ВКД гуфт, 6 кас ҷон бохт
Вазорати корҳои дохили садамаи маргбореро, ки рӯзи 4-уми июл дар ноҳияи Фархор иттифоқ афтод, шарҳ дод. Дар ин сонеҳа 6 нафар ҷон бохтаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин тасодуф Муҳаммад Идрисзодаи 19-сола, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай Сервис» аз уҳдаи идораи худрав набаромада, ба мошини тамғаи «Тайота-Карола», ки Оятулло Турсунови 34-сола идора мекард, бархӯрдааст.

Ин воқеа дар ҳудуди деҳаи Бобосафоли ноҳияи Фархор рух дода, дар пайи он, ронандаҳои ҳарду мошин ва 4 мусофири онҳо ҷон бохтаанд.
Вазорат гуфтааст, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мунтазири натиҷаи ташхиси фаннӣ ё техникӣ ҳастанд, аммо «тибқи натиҷаҳои пешакӣ, сабаби садама бо суръати баланд рондани мошин аст».

Ин расона рӯйхати қурбониёни сонеҳаро нашр кардааст ва он аз омори ироакардаи ВКД фарқ дорад:
— Дилрабо Абдураҳмонова 45-сола;
— Товус Абдулазизова 45-сола;
— Сайлигул Шовалиева 41-сола;
— Оятулло Турсунов 34-сола;
— Муҳаммадҷон Идрисзода 19-сола;
— Ҷанатулло Фармонов 19-сола;
— Мавлуда Қосимова 18-сола.
Бояд гуфт, ин дуввумин садамаи пурқурбонӣ дар 4 рӯзи охир аст. Рӯзи 2-юми июл дар дар садамаи маргборе дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохта буданд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий