Муовини Сарвазир бо фаъолияти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд
Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки рушди соҳаи картошкапарварӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Сулаймон Зиёзода бо қитъаҳои кишоварзии деҳқонон, вазъи рушди зироати картошка, иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, таъмини заминҳо бо оби полезӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини соҳа ва кишоварзон барои сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бо назардошти имкониятҳои мусоиди табиӣ ва таҷрибаи бойи картошкапарварони ноҳия, зарур аст ҳаҷми истеҳсоли картошка бештар гардида, кишоварзон саҳми худро дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат боз ҳам назаррас гардонанд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)