< Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид

Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
​Директори Агентӣ оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот дод.

Ҳамчунин пешниҳод оид ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз тамоюли зиёд гаштани воситаҳои нашъадори синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Александр Федулов барои ҳамкории эътимоднок арзи сипос намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ изҳори омодагӣ намуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий