< Дар Тоҷикистон дар бахши мудофиа як ниҳоди нав таъсис ёфтааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон дар бахши мудофиа як ниҳоди нав таъсис ёфтааст

Дар Тоҷикистон дар бахши мудофиа як ниҳоди нав таъсис ёфтааст
​Ҳукумати Тоҷикистон як ниҳоди нав дар соҳаи мудофиа — Кумитаи саноати мудофиавӣ дар назди ҳукумати кишвар таъсис додааст. Қарори таъсиси он 2-юми майи имсол аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар имзо шудааст.

Дар қарор омадааст, ки Кумита метавонад 38 коргар, аз ҷумла 8 хидматчии ҳарбӣ дар ихтиёри худ дошта бошад. Ҳамчунин, ба ин ниҳоди нав иҷоза дода шудааст, ки ду муовини раис ва 7 ҳайати мушовара дошта бошад.

Мувофиқи қарори ҳукумат, аз ҷумла барои кумитаи мазкур 4 мошини сабукрави хидматӣ ҷудо карда мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол бошад уҳдадор шудааст, ки Кумитаи навтаъсисро бо бино таъмин карда, Вазорати молия аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои ин ниҳод маблағ ҷудо кунад.
      
 Тафсилоти дигари қарор ва замимаи он ҳанӯз дастрас нест.

То ин дам ин бахш тобеи Вазорати саноат ва фанновариҳои нави кишвар буд.

Мувофиқи қарор, акнун ин муқаррарот аз зиммаи ин ниҳод бардошта шуда, ба қарори ҳукумати кишвар «Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон» чанд тағйирот ворид мешавад. Аз ҷумла, ҳар банд ва иборае, ки вобаста ба саноати мудофиавӣ буд, аз он хориҷ карда мешавад.



Бино, роҳбар ва вазифаҳои Кумитаи саноати мудофиавӣ ҳанӯз маълум набуда, Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар давоми се моҳ санадҳои худро бо ин қарор мутобиқ ва барои ворид кардани тағйирот ба санадҳои дахлдори кишвар таклифҳои худро пешниҳод кунад.      
                                                        
 Зимнан, дар Тоҷикистон соли 1997 низ бо қарори ҳукумати кишвар Кумитаи саноати мудофиавӣ таъсис ёфта буд, вале панҷ сол баъд — соли 2002 он барҳам дода шуда, уҳдадориҳояш ба зиммаи Вазорати саноати Тоҷикистон вогузор гардид. Ҳамакнун бошад, бахши саноати мудофиаро Вазорати саноат ва фанновариҳои нави кишвар бар дӯш дошт.

Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам дар бораи таъсиси як корхонаи саноати мудофиавӣ хабарҳо нашр шудааст. Моҳи майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода фаъолияти корхонаи «Сипар гурӯҳ"-ро, ки самти фаъолияти асосии он ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ аст, ба истифода дода буд.

Гуфта мешуд, ки дар ин ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда мешавад.

Баъдтар, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки он бо 15 миллион доллари амрикоӣ «бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ» сохта шудааст.
                                    "                                          «Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ҷамъу васли то 120 мошини махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад. Мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шуда, оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст», — гуфта буд кумитаи сармоягузорӣ.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий