< “Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?
Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон ҷузъе аз ҷомеа буда, садсолаҳо ба ин сӯ дар ин қаламрав зиндагӣ дорад ва ба урфу одатҳои худ содиқ мондааст. Аммо дар бораи зиндагии кунунии онҳо маълумот кам аст ва онҳо аз зовияи қолабҳои шахшуда баррасиву шинохта мешаванд ва баъзан мавриди тамғагузорӣ қарор мегиранд, ки ба андешаи коршиносон, иштибоҳ аст.
Қавми ҷӯгӣ имрӯз чӣ зиндагӣ доранд, бо кадом мушкилу ҷолишҳо рӯбарӯянд ва чӣ имкониятҳо барояшон фароҳам аст? Тамғагузорӣ ва адами барномаи хоси давлатӣ дар самти ҳамгироии бештари ин қавм бо ҷомеа чӣ паёмад дорад?
Мо ба яке аз деҳаҳое, ки ҷӯгиҳо бештар зиндагӣ доранд, сафар карда, бо тарзи зиндагии онҳо шинос шудем ва дар бораи рӯзгорашон суҳбат кардем.
Ҳамчунин, аз коршиносон пурсидем, ки барои ҳамгироии бештари ин қавм чӣ бояд кард ва чӣ тавр метавон тамғагузориро аз миён бурд?
Дар гузориши зерин метавонед бо рӯзгори ҷӯгиён шинос шавед ва ба суолҳои боло посух ёбед.

“Қавми муттаҳиданд…”

Сафари мо ба деҳаи “Канали боло”-и шаҳри Ҳисор аз суҳбат бо ронандае, ки ба мо хидмат мерасонид ва чандин сол аст дар ҳамсоягӣ бо ҷӯгиҳо зиндагӣ дорад, оғоз шуд.
“Қавми муттаҳиданд. Ҳама ҷамъ мешаванд ва барои худ як роҳбар интихоб мекунанду ба ӯ гӯш медиҳад”, – гуфт ронанда.
Ба назди мактаби №96-и ин деҳа расидем. Гурӯҳе аз мардон даври ҳам нишаста буданд, вале нахостанд бе иҷозаи раиси деҳа суҳбат кунанд.
Яке аз онҳо моро сӯйи хонаи раис роҳнамоӣ кард, вале ӯро дар хона пайдо накардем. Танҳо ҳамсараш чанд лаҳза бо мо ҳарф зад ва гуфт, “зиндагии суннатӣ” доранд ва боре ҳам ба “дашт” набаромадаанд (яъне талбандагӣ накардаанд. – муаллиф).

“Аз таҳсили фарзандонашон мепурсанд”

Дубора ба мактаб рафтем. Кӯдакон дар саҳни мактаб саф кашида, ба дарсҳои басти дуюм омодагӣ медиданд.
Ҳисорӣ Ҷумъаев, муовини директор гуфт, давоми 15 соле, ки дар ин мактаб дарс медиҳад, “вазъи таҳсили кӯдакони ҷӯгӣ нисбат ба солҳои пеш хуб шудааст” ва онҳо талош доранд ба мактаб асбобҳои мусиқӣ оранд ва ҳарчӣ бештар бо ин кӯдакон кор кунанд.

Сарчашма​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий