Борон, сел ва хокбориш. Ҳавои номусоид пешгӯӣ мегардад
Манбаъ меафзояд, ки рӯзҳои 18-19 майи соли равон бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Иттилоъ дода мешавад, ки рӯзҳои 18-20 май бо сабаби боришот ба истисно аз минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ сар задани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ менависад, ки 18-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мегардад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)