< Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид

Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
​Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода иштирокчиёни озмунро ба муносибати фарорасии  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои иштирок дар мусобиқа барору комёбиҳо таманно намуд. Таъкид гардид, ки аҳамияти таҳсил ва омӯзиши фанҳои гуногун ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба неруи пешбарандаи рушд табдил ёфта, иқтидори зеҳнии давлатро рушд ва нуфузи онро дар саҳнаи байналмилалӣ афзоиш диҳанд.

Зимни суҳбат роҳбари Намояндагӣ дар бораи сиёсати ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гирифтани дониш ва амалӣ кардани иқтидори он сухан гуфт.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ашқобод таҳти унвони «Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳҷӯёна» аз ҷониби Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон озмуни III байналмилалӣ ташкил гардид, ки дар он намоядагони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий