< РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд
​Ин ҷараёни бомароми омодагӣ ва таваҷҷуҳи васеи байналмилалӣ бори дигар аҳамияти ҷаҳонӣ ва мақоми баланди Конфронси чоруми Раванди оби Душанберо нишон медиҳад.

Конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об, муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об хизмат менамояд.

Ҳамзамон он ба муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус Ҳадафи 6-ум, инчунин таҳияи роҳҳои ҳалли муштарак барои рафъи мушкилоти глобалии вобаста ба об мусоидат мекунад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои конфронс дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт саҳми назаррас гузоранд.

Тавре маълум аст, Конфронси Душанбе ҳамчун яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мегардад, хизмат хоҳад кард.

Ҳамзамон сегменти дуюми мавзуии конфронс ба машваратҳои аввалини ғайрирасмии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 бахшида шуда, сегменти сеюм  ба мубодилаи аввалини ғайрирасмии мулоҳизаҳо оид ба нақши об дар Рӯзномаи рушди баъд аз соли 2030 бахшида мешавад.

Дар ин замина ҷамъоварии пешниҳодҳо ва андешаҳои иштирокчиён барои оғоз ва ташаккули омодагиҳои минбаъда барои баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе аҳаммияти муҳим хоҳад дошт.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий