< Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд
​Ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони мазкурро баррасӣ карданд.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки кишоварзӣ яке аз бахшҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ монда, рушди саноати миллӣ аз он вобаста аст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар иқтидори содиротии кишвар ҳиссаи назаррас дорад.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, ба таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва масъалаи ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо, инчунин, барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ ҳавасмандии худро зоҳир намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз 11 то 15 май Душанбе мизбони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Баррасии масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳот аз ҳадафҳои асосии конфронс мебошад. Дар ҷаласа ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи табдили низоми агроозуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ равона мегардад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий