< Мулоқоти судманд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мулоқоти судманд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея

Мулоқоти судманд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Корея
​Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, киберҷиноятҳо (қаллобии онлайнӣ), терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷеон Сунг Сик ҷиҳати тақвият бахшидани курсҳои бозомӯзӣ, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дигар самтҳои фаъолият ба мувофиқа расиданд.  

Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ карда шуд.

Сарчашма: vkd.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий