Арзиши шаҳодатномаи хатми мактаб дар соли 2026 чанд аст?
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли 2026 арзиши шаҳодатномаи хатми мактабро 9 сомонию 3 дирам муайян кардааст. Ду соли охир барои дарёфти шаҳодатномаи хатм хонандагон 8 сомониву 63 дирам пардохт мекарданд.
Аз ин ниҳод рӯзи 4-уми май ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ин маблағ бояд тариқи ғайринақдӣ пардохт ва расиди он ба мактаб пешниҳод гардад.
Намояндаи вазорат гуфт, дар ҳолати талаби маблағи аз меъёри муайяншуда зиёд хонандагон ва вилидони онҳо метавонанд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳои шикоят кунанд. Ҳамчунин, метавонанд тариқи рақамҳои 227-76-86 ба вазорат дар тамос шаванд ва ё дар сомонаи maorif.tj хаттӣ муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт ҳар сол дар охири соли таҳсил корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки дар бархе мактабҳо аз хонандагон барои гирифтани шаҳодатномаи хатм маблағи иловагӣ талаб мешавад.
Як таҳқиқоти Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон низ дар соли 2024 маълум карда буд, ки дар соҳаи маориф аксаран барои гирифтани шаҳодатномаи хатм ва барои дохилкунии фарзанд ба мактабҳо пора медиҳанд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)