< Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст
​Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, воридоти шакар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас кам шудааст. Дар ифодаи пулӣ, ҳудуди 6,6 млн доллар ё тақрибан 23% қоҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, қисмати зиёди воридот ба Русия рост меояд: наздики 6,6 ҳазор тонна шакар ба маблағи ҳудуди 6 млн доллар. Ҳамин тариқ, ҳиссаи Русия дар сохтори воридот ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам нарх ҳудуди 27%-ро ташкил додааст.



Ба ғайр аз Русия, шакар ҳамчунин аз дигар кишварҳо ҳам ба Тоҷикистон ворид мешавад, вале ҳаҷмашон кам аст.

Ба сурати умум, Тоҷикистон қариб пурра ба воридоти шакр аз хориҷа вобаста аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 191 млн доллар зиёда аз 117,4 ҳазор тонна шакар ворид шуд. Таҳвилгарони асосии ин маҳсулот Русия, Беларус ва Ҳиндустон мебошанд: Русия ҳудуди 52 ҳазор тонна, Беларус 28,2 ҳазор тонна ва Ҳиндустон -16,9 ҳазор тонна.

 Ҳамчунин, аз Покистон (9,5 ҳазор тонна) ва Қазоқистон (5,7 ҳазор тонна) миқдори назарраси шакар оварда шудааст.
Аз кишварҳои Озарбоҷон, Эрону Ӯзбекистон, инчунин дигар давлатҳо, аз ҷумла Литва, Латвия, Туркия, Чин, Лаҳистон (Полша) ва Қирғизистон низ миқдори камтари шакар ворид карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бодя гуфт, ки моҳи апрел нархи шакар дар бозорҳои кишвар каме баланд шуд. Масалан, агар аввали моҳи март 1 кг шакар 9-11 сомонӣ нарх дошт, пас ҳоло он ба 12-14 сомонӣ расидааст. Нархи фурӯши яклухти он низ гарон шудааст: арзиши халтаи 50-килограммаи он аз 380-400 сомонӣ то ба беш аз 500 сомонӣ боло рафтааст.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий