Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод
Ба саволҳои муҳим дар бораи кори ин барнома Дилноза Исмоилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои корхонаи «Шаҳри ҳушманд"-и ҳукумати Душанбе посух дод.

— Паём меояд, ки кӯдак ба мактаб ворид шуд, вале ӯ ҳоло аз хона набаромадааст. Ё баръакс, вақте ки ӯ ба мактаб ворид мешавад, хабар меояд, ки ӯ аз мактаб баромадааст. Чаро чунин аст ва ин мушкилӣ кай ҳал мешавад?
Барои баланд бардоштани дақиқӣ ва саҳеҳии кори низом бо маъмурияти мактабҳо корҳо бурда мешаванд. Аз ҷумла, ба саривақт навсозии аксҳои хонандагон дар пойгоҳи маълумот, инчунин бештар ба тартиб овардани гузаштани хонандагону кормандон тариқи минтақаи даромад бидуни ҷамъшавии одамон назди камераҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

— Кӯдак дар мактаб нест ё бемор аст, вале дар ин рӯз ба ӯ баҳо мегузоранд ё баръакс, кӯдак дар мактаб ҳаст, аммо огоҳинома меояд, ки ӯ ҳузур надорад
Ғайр аз ин, ҳар як мактаб маъмури барнома дорад, ки барои ҳалли чунин масъалаҳо ёрӣ мерасонад. Дар сурати зарурат, ҳамчунин, метавон мустақиман ба дафтари кории барномаи «eDonish» бо суроғаи кӯчаи М.Турсунзода 27А (бинои «IT park») муроҷиат кард.
— Ворид шудани маълумот ба «eDonish» чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ танзим мешавад?
— Дар сурате, ки агар кӯдак дар мактаб набошад, вале тибқи маълумоти «eDonish» ӯ дар он ҷо қарор дорад, ба кӯдак ҳодисае рух диҳад, кӣ ба он масъул аст?
— Оё имкони ислоҳи маълумот дар «eDonish» вуҷуд дорад ва кӣ метавонад онро ислоҳ кунад?
Барномаи «eDonish» барои омӯзгорон ва волидайни хонандагон машғулиятҳои таълимӣ мегузаронад. Аз ҷумла машғулиятҳои омӯзишӣ ва машваратҳо мегузаронем. Ҳамчунин, чанде пеш маводи видеоии таҳия шуд, ки дар ҳамаи сомона ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст.

Тими «eDonish» минбаъд низ мувофиқи дархости мактабҳо ва корбарон омода аст, ки чорабиниҳои таълимӣ баргузор кунад, то ки истифодаи низом ҳатто барои касоне, ки ба технологияҳо хуб сарфаҳм намераванд, осону қулай шавад.
Сарчашма: asiaplus.news

- — Баъзан волидайн дар бораи ба мактаб омадан ё рафтани кӯдак метавонанд огаҳиномаи нодуруст гиранд. Аксаран ин ба тағйири симои кӯдак ва аксе, ки дар барнома ворид шудааст, рабт дорад. Яъне аксе, ки вақти бақайдгирии кӯдак дар барнома ҷой дода мешавад, бо гузашти вақт бо симои хонанда мувофиқат намекунад.
Барои баланд бардоштани дақиқӣ ва саҳеҳии кори низом бо маъмурияти мактабҳо корҳо бурда мешаванд. Аз ҷумла, ба саривақт навсозии аксҳои хонандагон дар пойгоҳи маълумот, инчунин бештар ба тартиб овардани гузаштани хонандагону кормандон тариқи минтақаи даромад бидуни ҷамъшавии одамон назди камераҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

— Кӯдак дар мактаб нест ё бемор аст, вале дар ин рӯз ба ӯ баҳо мегузоранд ё баръакс, кӯдак дар мактаб ҳаст, аммо огоҳинома меояд, ки ӯ ҳузур надорад
- Журнали синфӣ бевосита аз ҷониби омӯзгорон пур карда мешаванд. Ҳоло дар бахши дарҷ кардани баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда хатогиҳо ба чашм намехӯрад.
Ғайр аз ин, ҳар як мактаб маъмури барнома дорад, ки барои ҳалли чунин масъалаҳо ёрӣ мерасонад. Дар сурати зарурат, ҳамчунин, метавон мустақиман ба дафтари кории барномаи «eDonish» бо суроғаи кӯчаи М.Турсунзода 27А (бинои «IT park») муроҷиат кард.
— Ворид шудани маълумот ба «eDonish» чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ танзим мешавад?
- — Ҷараёни ворид кардани маълумот ба барномаи «eDonish» аз ҷониби маъмури муассиса танзим мешавад. Назорат дар ҳама сатҳҳо, аз мудири мактаб то кормандони сарраёсат, ки саҳифаи шахсӣ ва ба ҳамаи раванди муассиса дар барнома дастрасӣ доранд, амалӣ мешавад.
— Дар сурате, ки агар кӯдак дар мактаб набошад, вале тибқи маълумоти «eDonish» ӯ дар он ҷо қарор дорад, ба кӯдак ҳодисае рух диҳад, кӣ ба он масъул аст?
- — Ин қариб ғайриимкон аст. Агар чунин омилҳо пайдо шаванд, хеле кам аст ва метавонанд ба хатогии технигӣ вобаста бошанд. Вале дар чунин ҳолат масъулият ба дӯши маъмурияти мактаб меафтад.

— Оё имкони ислоҳи маълумот дар «eDonish» вуҷуд дорад ва кӣ метавонад онро ислоҳ кунад?
— Дар ҳолате, ки агар омӯзгор вақти баҳо гузоштан ба хатогӣ роҳ диҳад, онро метавон танҳо дар мувофиқасозӣ (дар шакли хаттӣ) бо маъмурияти Сарраёсати маорифи шаҳр ислоҳ кард.
Барномаи «eDonish» барои омӯзгорон ва волидайни хонандагон машғулиятҳои таълимӣ мегузаронад. Аз ҷумла машғулиятҳои омӯзишӣ ва машваратҳо мегузаронем. Ҳамчунин, чанде пеш маводи видеоии таҳия шуд, ки дар ҳамаи сомона ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст.

Тими «eDonish» минбаъд низ мувофиқи дархости мактабҳо ва корбарон омода аст, ки чорабиниҳои таълимӣ баргузор кунад, то ки истифодаи низом ҳатто барои касоне, ки ба технологияҳо хуб сарфаҳм намераванд, осону қулай шавад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)