< Дар Русия мехоҳанд, додани шаҳрвандӣ ба шахсони дорои доғи судиро манъ кунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Русия мехоҳанд, додани шаҳрвандӣ ба шахсони дорои доғи судиро манъ кунанд

Дар Русия мехоҳанд, додани шаҳрвандӣ ба шахсони дорои доғи судиро манъ кунанд
​Хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҷаласаи ин комиссия навиштааст, ки тибқи лоиҳа, ба қонун «Дар бораи шаҳрвандии Русия» тағйирот ворид карда мешавад.

«Доштани доғи додгоҳии бекорнашуда ё ҷазояш адонашуда барои содир кардани ҷиноят ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз ҳудуди он, сарфи назар аз шакли айбдорӣ, барои рад кардани қабул ба шаҳрвандӣ ва додани Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист асос шуда метавонад», — омадааст дар лоиҳа.

Манбаъ менависад, ки ин тасмим ба ҳуҷҷатҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонун дода шудааст, дахл нахоҳад кард.
Комиссияи ҳукуматӣ, ҳамчунин, лоиҳаи қонуни ҷудогонаро дастгирӣ кардааст, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадор мешаванд, ки маълумотнома (справка) дар бораи доштани доғи судиро ба ВКД Русия пешниҳод кунанд.

«Шаҳрванди хориҷӣ бояд тасдиқ кунад, ки нисбати ӯ дар хориҷи кишвар ё Русия парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор надорад. Сухан дар бораи он меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвари хориҷӣ на дертар аз се моҳ то пешниҳоди ариза барои дарёфти Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист ё шаҳрвандии Русия маълумтнома дода шуда бошад», — навиштааст манбаъ.
Кӯдакони аз 14-сола поён аз пешниҳоди чунин маълумотнома озод мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11-уми августи соли гузашта дар Русия қонуне мавриди амал қарор гирифт, ки дар он асосҳо барои маҳрум кардани хориҷиён аз шаҳрвандӣ васеъ карда шудаанд.

Ба рӯйхат зиёда аз 80 асос, аз ҷумла куштор, зӯроварии марбут ба ҳиссиёти шаҳвонӣ, даъват ба терроризм, дахолат ба зерсохтори муҳиму калидӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, кумак ба рақиб, таблиғи рамзҳои миллатгароӣ ва роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дохил мешаванд.

Гуфтан зарур аст, ки тайи се соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, «рӯйхати сиёҳ"-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.


Сарчшма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий