< Дар Самара кор барои муҳоҷирон дар бахшҳои колорасонӣ, ронандагӣ ва кӯчарӯбиро манъ мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Самара кор барои муҳоҷирон дар бахшҳои колорасонӣ, ронандагӣ ва кӯчарӯбиро манъ мекунанд

Дар Самара кор барои муҳоҷирон дар бахшҳои колорасонӣ, ронандагӣ ва кӯчарӯбиро манъ мекунанд
Дар вилояти Самараи Русия кор барои муҳоҷирон ба ҳайси колорасон, ронанда ва кӯчарӯбро манъ мекунанд. Инчунин, дар оянда муҳоҷирон аз ҳаққи дарс додан дар мактабу донишгоҳҳо ва машғул шудан ба таҳқиқоти илмӣ маҳрум мегарданд.
Хабаргузории «ТАСС» навиштааст, ки қарори манъи кор барои муҳоҷирон дар ин соҳаҳоро, Вячеслав Федоришев, раиси ин вилоят имзо кардааст. Маҳдудиятҳо аз моҳи апрели соли 2026 ба ҳукми иҷро медарояд.

Ҳукумати вилоят гуфтааст, ки чунин маҳдудиятҳо «бо ҳадафи таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳимояи бозори кор» ҷорӣ карда мешавад. 
Тибқи ин қарор, рӯйхати корҳое, ки барои муҳоҷирон дар ин вилоят мамнуъ аст, зиёд карда шуд. Аз ҷумла, муҳоҷироне, ки дар асоси иҷозатномаи кор ё «патент» фаъолият доранд, наметавонанд ба кирокашӣ ва колорасонӣ машғул шаванд. Инчунин  барои муҳоҷирон кор дар соҳаи маориф, оҷонсиҳои ҷалби коргар ва фаъолияте, ки бо коркарди иттилоот алоқаманд аст, манъ карда мешавад.

Қаблан дар вилояти Самара муҳоҷирон аз ҳаққи кор дар самти тиҷорату бозор, саноат, ошхона ё хӯроки умумӣ манъ шуда буд. Тибқи омори расмии ин минтақа, танҳо соли 2021 ба ин минтақа беш аз 71 ҳазор муҳоҷири дохиливу хориҷӣ барои кору зиндагӣ рафтаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон будаанд. 

Пештар чанд минтақаи дигар, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд. Боз дар кадом минтақаҳои Русия ва дар кадом соҳаҳо кор барои муҳоҷирон манъ шудааст, дар ин матлаби мо хонед.

Ҳарчанд бархе минтақаҳои алоҳидаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаҳои мухталифро манъ мекунанд, вале минтақаҳои дигар, ки чанд сол пеш чунин корро карда буданд, як-як қарори манъи кор барои муҳоҷиронро бекор карда истодаанд. Мақомоти маҳаллии бархе минтақаҳо эътироф мекунанд, ки шаҳрвандони Русия кори вазнин ва каммузд анҷом намедиҳанд ва бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Гуфтан зарур аст, ки тайи се соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, «рӯйхати сиёҳ"-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Сарчашма:  asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий